arzon replenishment
Муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Приморье ихроҷ мекунанд
730


Дар Приморье амалиёти “Нелегал” ҳанӯз идома дорад ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни огоҳии пешакӣ ба нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ сар халонда, ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷиро тафтиш менамоянд. Дар ин бора ФедералПресс ВЛАДИВОСТОК хабар додааст.

“Дар Приморье амалиётҳо алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома доранд. Кормандони пулис ба нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ворид шуда, ҳуҷҷатҳои тамоми шаҳрвандони хориҷиро тафтиш ва шахсонеро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин минтақа фаъолият менамоянд, ошкор месозанд”-навиштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки дар рафти амалиёти охирин 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба шӯъбаи пулис оварда шуданд. Тавре ки аз Раёсати корҳои дохилӣ дар Приморье иттилоъ додаанд, нисбати 32 нафар муҳоҷирон, ки ба таври ғайриқонунӣ кору фаъолият менамудаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчунин нисбати корфармоёни маҳаллӣ, ки шаҳрвандони хориҷиро бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба кор қабул карда буданд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

“12 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки дар ҷараёни рейд ошкор карда шуданд, аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешаванд”-навиштааст манбаъ.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи январ дар Приморье кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо дар бадали 7 рӯз дар зиёда аз 200 нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ амалиёт гузаронида, дар пайи ин амалиётҳо 26 нафар муҳоҷиронро ихроҷ карданд.

Дар робита бо ин, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ин минтақа кор мекунанд, хоҳиш мекунем, ки фаъолияти худро тибқи қонунузории Федератсияи Россия ба роҳ монда, патент ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба даст оранд, то аз манбаъи даромади худ маҳрум нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД