Arzon march 2024
Муҳоҷирон чи тавр аз ихроҷ шудан наҷот ёфта метавонанд?
798


Ихроҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Россия аз ҷумлаи хатарҳои асосие мебошад,ки муҳоҷирони меҳнатиро ҳамеша домангир аст.

Муҳоҷирон худро ба сад дар мезананд, то аз манбаъи даромад ва сарчашмаи ризқу рӯзии худ маҳрум нагарданд. Думаи давлатии Россия тасмим гирифтааст, ки ин мушкили муҳоҷирони меҳнатиро осон намуда, ба баъзе муҳоҷирон гузашт кунад ва чораи ихроҷ шудан, яъне “депортатсия”-ро бо ҷарима бастани шаҳрванди хориҷӣ иваз намояд.

Тағйиротҳои заруриро дар хусуси иваз намудани чораи “депортатсия” бо ҷарима бастани шаҳрвандони хориҷӣ Кумита оид ба сохтмон ва қонунгузорӣ ба Думаи давлатии Россия пешниҳод намудааст. Сари вақт супурдани тамоми андозҳои давлатӣ, доштани манзил, риоя намудан ба қонунҳо, касбияти баланд, характеристикаи хуб, оиладор будан ва муддати тӯлонӣ дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ кардан аз зумраи он сифатҳои неки шаҳрванди хориҷӣ мебошанд, ки ба хотири ин бартариҳояш метавонанд муҳоҷирро ба ҷойи ихроҷ намудан аз Россия танҳо ҷарима банданд.
Тибқи иттилоъи “Интерфакс”муҳоҷироне, ки хатари ”депортатсия” шудан ба онҳо таҳдид менамоянд, агар сифатҳои зикршударо дошта бошанд, мақомоти марбуата метавонанд онҳоро ба андозаи 40-50 ҳазор рулб ҷарима баста, барои дар қаламрави кишвар монданашон иҷозат диҳанд.

Дар баробари ҷарима ҳамчунин чораи дигар дар шакли 150-200 соат корҳои ҳатмӣ низ пешбинӣ шудааст.

Муҳоҷирони меҳнатие, ки бо таблиғи ҳамҷинсгароӣ, педофилия ва иваз намудани ҷинс машғуланд, ҳамчунин афроде, ки депортатсия шуда бошанд ҳам, аз тарк намудани кишвар саркашӣ кардаанд, наметавонанд аз ин имтиёз баҳравар гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД