Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷикро дар Русия барои духтарбозӣ ҳабс карданд
949

Дар шаҳри Маскав як муҳоҷири тоҷикро барои содир намудани ҷиноят алайҳи духтарон дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани нафси шаҳвонии худ ба духтарони ношиноси роҳгузар ҳамла мекардааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, Давлатшоев М. С. аз 31-уми август то 2-юми сентябр ба таври мунтазам бо мақсади қонеъ намудани нафси худ бегоҳирӯзӣ ба духтарони роҳгузар ҳамла намуда, нисбаташон бо роҳи зӯрӣ ҳар хел амалҳои шаҳвонӣ содир мекардааст. Ин ҷавон дар наздикии биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Балтийский пинҳон шуда, сайди муносиб мекофтааст ва ҳамин ки кӯчаро каме хилват ёфт, ба духтарони роҳгузар ҳамла карда, бо роҳи зӯрӣ онҳоро ба амалҳои шаҳвонӣ водор месохтааст.

Бори охир вай якбора ба 3 духтар ҳуҷум кардааст ва духтарон аз рӯйи ин муҳоҷир ба пулис шикоят карда, аз содир шудани далели зӯроварӣ ва амалҳои шаҳвонӣ нисбаташон хабар додаанд.

Айни замон нисбати Давлатшоев М. С. бо қисми 1-и моддаи 132-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД