arzon replenishment
Муҳоҷири тоҷикро барои таҳқир кардани чемпиони UFC аз Русия ихроҷ мекунанд
841



Як муҳоҷири тоҷикро барои таҳқир кардани чемпиони UFC Ирина Алексеева аз Федератсияи Россия ихроҷ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷири тоҷик барои шими кӯтоҳ-шорти пӯшиданашон Ирина Алексеева ва дугонаҳояшро таҳқир намуда, ҳамзамон таҳдид кардааст, ки онҳоро мисли ҳашарот маҷақ кардан кардан дозим аст.
Муҳоҷире, ки барои таҳқири чемпиони Россия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда мешавад, ҳамагӣ ду моҳ пеш, аниқтараш моҳи марти соли равон ба Русия коркунӣ рафта, барои сару либосашон бо духтарони маҳаллӣ моҷаро кардааст.

Ҳодиса дирӯз, 23-апрел дар кӯчаи Толбухин рӯй дода, муҳоҷири тоҷик дар кӯча барои шорти ва майка пӯшиданашон ба Ирина Алексеева ва дугонаҳояш дарафтода, онҳоро таҳқир намудааст.

“Ӯ бо чашмони оташбор ва хунгирифта мисли ваҳшӣ якбора ба сӯйи мо давид. Ба назарам чунин намуд,ки ин ҷавон ба мо ҳамла карда, моро заданист. Вай девонавор бо тамоми овоз ба сари мо дод зада мегуфт: “Як ба худатон нигоҳ кунед. Ин чи либос аст?! Чаро шорти ва майка пӯшида ба кӯча баромадед? Дар ҷойҳои мо занҳо чунин либос намепӯшанд. Пурсидам, ки ҷойиҳои шумо, яъне куҷо? Дар ҷавоб вай номи шаҳри Душанберо гирифт. Ман ҳам паст наомада гуфтам, ки тарзи либоспӯшии мо ба ту маъқул набошад, пас ба Ватанат бирав ”-ҳодисаро бо ваҳшат нақл кардааст чемпиони UFC Ирина Алексеева.

Ба иттилоъи телеграм-канали "Многонационал" муҳоҷире, ки ба чемпиони UFC Ирина Алексеева ва дугонаҳояш дарафтодааст, қабл аз ин бо мошини як рафиқаш ду духтари велосипедсавори русро қариб зер карда, баъдан бо Алексеева ва ҳамроҳонаш моҷаро намудааст. Духтарон талаб кардаанд, ки бахшиш пурсад, вале ҷавон рад карда мегӯяд, ки ҳаргиз аз касе бахшиш намепурсад. Танҳо пас аз ба чанги пулис афтодан муҳоҷири сарсахт бахшиш пурсидааст, вале кор аз кор гузашта, дигар узр пурсиданаш самар надод.

Ҳодисаро худи Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастыркин зери назорат гирифта, барои таҳқир кардани Ирина Алексеева ва дугонаҳояш ин муҳоҷири 24-солаи тоҷик аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешавад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД