Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик зани русашро кордборон кард
1038


Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия зани русашро кордборон кардааст. Пас аз анҷом додани куштори ваҳшиёнаи собиқ ҳамсараш мард бо пойи худ ба идораи пулис рафта ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд...

Ҳодиса рӯзи 13- июл рӯй дода, муҳоҷири 26-солаи тоҷик Сайриддин Шаропов дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ба собиқ ҳамсараш Олесия Шаропова ҳамла карда, ба синааш пай дар пай чанд маротиба кор задааст. Пас аз анҷом додани ин амали хунин мард макони ҳодисаро тарк карда бошад ҳам, баъдан худаш ба идораи пулис рафта, ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Айни замон Сайриддин Шаропов дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ба иттилоъи e1.ru муҳоҷири тоҷик аз рашк собиқ ҳамсарашро кордборон кардааст.

Тавре ки манбаъ навиштааст, Сайриддин Шаропови 26-сола ду сол инҷониб бо Олесия Шароповаи 46-сола қайди никоҳи расмӣ дошта, ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекардаанд. Ба тафовути синнусолӣ нигоҳ накарда, мард ҳамсарашро ҳамеша ба ҳама рашк мекардааст. Бадрашкии шавҳар ва ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пайи оилавӣ ба дили зан мезанад ва ба хулосае меояд, ки бояд ҷудо шаванд.

Аммо Сайриддин ба ҷудоӣ тоб наоварда, ҳамсарашро бештар рашк мекардагӣ мешавад. Он рӯз низ моҷаро аз рӯйи рашк сар зада, мард дар сари қаҳру ғазаб кордро ба даст мегирад ва ба синаи занаш чанд маротиба корд мезанад.

Сайриддин Шаропов, аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ намуда, хоҳиш кардааст, ки то анҷом ёфтани тафтишот ӯро озод гузоранд, зеро нияти фирор кардан надорад.

“Ман боварӣ надоштам, ки Олесия мурдааст. Умед доштам, ки захмӣ шуда бошад ҳам, зинда мемонад. Пас аз каме ба худ омадан ба хона омадам ва сад бор ба 112 ва 103 занг задам, вале касе мурда ё зинда буданашро нагуфт. Ман ба ягон ҷо гурехтанӣ нестам, агар мақсади фирор медоштам, бо пойи худам ба идораи пулис омада, ба гуноҳам иқрор намешудам. Ҳар музоҷоте, ки ба ман раво бинанд, ба қабул карданаш тайёрам” гуфтааст марди занкуш.

Аз Олесияи 46- сола як духтар ятим мондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД