Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик зани боимон ва ғамхор меҷӯяд
11.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1009

Салом! Ман як муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз Тюмен, бо умеди пайдо намудани ҳамдаму ҳамнафас ва рафиқи бовафои ҳаётӣ ба сомонаи Oila.tj муроҷиат намудам.

Муддати 23 сол мешавад, ки дар минтақаи Нижевартовскии Тюмен кор мекунам. Шукри худо дар ин муддат бо меҳнати ҳалол ҳам дар Россия ва ҳам дар Тоҷикистон хонаву дар сохтам. Шароити зиндагиам хуб аст, шаҳрвандии Россияро низ гирифтам, вале ба ман як ҳамдаму ҳамнафас намерасад.

Бо амри тақдир аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ҳоло ҳамсарам дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад, ман бошам, дар зиндагӣ танҳои танҳоям. Дар шаҳри Конибодом хонаву дари обод ва каме боғ дорам, дар Россия низ хонаи шахсӣ дорам, ки ниёз ба кадбонуи хуб ва ҳунарманд дорад. Мехоҳам бо ягон зани меҳрубон, худотарс ва боимони аз 35 то 50-сола шинос шуда, оила бунёд намоям. Зан аз вилояти Суғд бошад, боз ҳам беҳтар аст.

Суроға ва ному насаби банда дар идораи сомона маҳфуз мебошад, агар чунин зани бовафо пайдо шавад, ваъда медиҳам, ки ӯро дар зиндагӣ хушбахттарин зани олам месозам.

М., муҳоҷири меҳнатӣ аз Тюмен

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД