Ҷасади муҳоҷири 21 солаи тоҷикро, ки дар сӯхторе дар Русия фавтид, шоми имрӯз ба Тоҷикистон меоранд.
Шуҳрат Cулаймонов, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд , ки дар шаҳри Ростов лаби Дон, дар як дӯкони Шаурма кор мекард, бар асари сӯхтор дар ҷойи кораш ҷон дод.
Ба гуфтаи муҳоҷирон ва дӯстони Шуҳрат, ҳодиса шаби 6- ум ба 7-уми январ рух додааст. Дар ин сӯхтор як муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ бо Шуҳрат якҷо дар Шаурмахона кор мекардааст, осеби ҷиддӣ дида, дар бемористон бистарӣ аст.
Сабаби сӯхтор таркиши балони газ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар дӯкони Шаурма гуфта мешавад. Вақте оташ аланга мегирад, муҳоҷирони тоҷик, наметавонанд аз дӯкон берун шаванд.
Абдуқаҳҳор, муҳоҷири тоҷике, ки дар Ростов бо ҷавони фавтида дар як хона зиндагӣ мекардааст, рӯзи 13-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 20 дақиқа пеш аз сӯхтор бо Шуҳрат телефонӣ сӯҳбат карда аз аҳволу кораш пурсон шуда буд. ‘’Гуфт, ҳама хуб аст. Телефонро хомӯш кард. Баъди 20 дақиқа ба ман занг заданд, ки он ҷо балон кафидааст. Мошин гирифта рафтем, ки аллакай сӯхтааст.’’
Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор, Шуҳрат Сулаймонов, баъди хатми мактаби миёна, барои пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷират рафт. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҷасади муҳоҷири фавтидаи тоҷикро ба Маскав интиқол додаанд ва бояд шоми имрӯз бо хатсайри Маскав - Душанбе ба Тоҷикистон оварда шавад.
Аз муҳоҷири дигари осебдида дар ин сухтор, Искандар Давронов ном бурда мешавад, ки 29 сол дошта, соҳиби ду фарзанд будааст. Ӯ дар ин ҳодиса 70 дар сад сӯхтааст.
Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳоро куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон мегӯянд.