Муҳоҷири тоҷик зану кӯдаки русро дар ошëнаи 25-уми бино аз коми оташ берун овард. Дар ин бора aif.ru хабар додааст.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, 1 август сохтмончии тоҷик Манучеҳр Расулов ҳангоми сӯхтор дар маҷмааи истиқоматии баландошёнаи "Светлый", воқеъ дар шахри Екатеринбург, аз замин ба қабати 25-уми бино баромада, як зани рус ва кӯдаки ӯро, ки бо марг рӯ ба рӯ буданд, аз миёни оташ берун баровардааст.
"То вақте ки сӯхторнишонҳо омаданд, зану кӯдак аллакай дар макони амн қарор гирифтанд", - навиштааст манбаъ.
Тавре манбаъ аз қавли Манучеҳр Расулов нақл кардааст, ӯ дар аввал гумон кардааст, ки зан аз ақл берун шудаву тасмими аз он баландӣ ба поён париданро дорад.
"Ман дар воҳима афтода, аз девор ҷаҳида ба сӯи бинои баландошёна давида, дод задас, ки ин корро накунед! Худро ба даст гиред! Пас аз ин бо зинапояҳо ба дари ҳуҷраи оташгирифта расидам. Чизе набуд. Бидуни мисрон (лом) ва асбоби дигар, танҳо бо ёрии оҳанпораҳо, дари ҳуҷраро кушода, аввал кӯдаку сипас модарашро ба даҳлез баровардам", - нақл кардааст Манучеҳр.
Ҳамин тавр, бо қаҳрамонии Манучеҳр зану кӯдак аз сӯхтор раҳо ёфтааст. Номбурда барои ин корнамоиаш аз тарафи ширкати сохтмонӣ, ки дар он кор мекард, бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдони шудааст.