Як нафар корбари фаъоли сомонаи Фейсбук бо номи Мухаммад Собиров дар гуруҳи Ормонҳои Миллӣ хабари беному нишон гум шудани як муҳоҷири тоҷикро аввалиншуда хабар додааст.
"Муҳоҷири гумшуда Азизов Ҳафизулло ном дошта, 24 сол умр дорад.То лаҳзаи гум шуданаш ӯ дар вилояти Калуги Русия зиндаги мекард ва инак 13- рӯз мешавад, ки аз ӯ хату хабаре нест. Ба шӯъбаи полис муроҷиат кардем, аммо ҳоло ягон натиҷа анҷом дода нашудааст!-мегӯяд Муҳаммад Собиров, дӯсти наздики Ҳафизулло.
Аз ҳамаи он муҳоҷироне, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, даъват ба амал оварда мешавад, ки дар бораи ҷавони гумшуда, чизе медонанд ё ӯро дар ҷое дидасту дар борааи чизе шунидааст, хоҳиш карда мешавад, ки ба рақамҳои дар +7 900 636-32-84 дар тамос шаванд.