Formula novemver 2024
Муҳоҷири гумгаштаи тоҷикро пас аз 21 сол пайдо карданд
955

Як марди тоҷикро, ки ҳанӯз соли 2003 бо нияти мардакорӣ ба Русия сафар намуда, беному нишон гум шуда буд, пас аз 21 сол пайдо кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои подполковник Акбар Шарифӣ, Толиб Бегимқулов аз Қазоқистон ёфт шудааст. Ин мард аслан аз деҳаи Шӯрноваи шаҳри Панҷакент буда, соли 2003 ҳангоми сафар ба Русия, дар ҳудуди Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудааст. Бар асари садама Толиб Бегимқулов осеби майнаи сар бардошта, ба фаромӯшхотирӣ гирифтор шуда, кӣ ва аз куҷо буданашро ба ёд оварда натавонистааст. Тамоми маълумот дар бораи худ ва наздикону пайвандонаш аз хотираи ин мард ба пуррагӣ зудуда шуда, то ин вақт дар ҳавлии як шаҳрванди Қазоқистон дар шаҳри Чимкент зиндагӣ мекардааст.

Кофтукоби Толиб Бегимқулов бо дархости падараш аз соли 2014 инҷониб идома дошт, вале ӯ замоне пайдо ва ба Ватан оварда шуд, ки волидонаш дигар дар ҳаёт нестанд.

Пайдо шудани марди хонадон барои ҳамсару фарзандонаш ва дигар аъзои хонавода ҳодисаи пурнишот ва хурсандиовар гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД