Салом! Ман як ҷавони муҳоҷир аз шаҳри Москва, мехоҳам саргузашти дӯстамро, ки чанд муддат боз дар беморхона бистарӣ мебошад, ба шумо нақл кунам.
Рафиқи ман духтареро нағз медид ва модарашро барои хостгорӣ равон карда буд. Модари духтар розӣ буд, вале намедонам дар байн чӣ шуд, ки байнашон нофаҳмӣ сар зад ва аз рӯйи нақли рафиқам, 10-уми апрел бо духтар ҷанг шудаанд. Аз ҳамон вақт духтар дигар бо ӯ гап намезанад, вале як саҳар садои занги телефон шуд. Модари духтар ба рафиқам занг зада, аҳволпурсӣ кард, баъд гуфт, ки бачам, зӯри ту ба оилаи мо намерасад, хубаш худатро канор бигир, барои духтарам хостгори хуб омадааст, хонаи 2-этажа дорад, хондагӣ ва соҳиби ҷои кор аст. Дар охир вай хоҳиш кард, ки рафиқам ба духтар дар бораи занг задани ӯ чизе нагӯяд. Рафиқам қабул карда, телефонро хомӯш кард, вале баъд худи духтар занг зад. Ҳарчанд онҳо суҳбат кунанд ҳам, алакай маълум буд, ки духтар дилмонда шудааст.
Ҳамин тавр аз байн чор моҳ гузашт. Рӯзе аз хонаашон занг зада гуфтанд, ки ба хона милиса омадааст. Модари рафиқам бемории сактаи дилро аз сар гузаронида буд, ҳамон рӯз бемориаш боз хуруҷ мекунад. Билет гирифта рафиқамро ба Тоҷикистон равон кардем. Маълум шуд, ки модари духтар ариза навиштааст, ки гӯё рафиқи ман духтарашро таҳдид намудааст, ки агар ба наздам наоӣ, аксҳоятро дар интернет мепартоям, аммо рафиқам бегуноҳиашро исбот намуда, рӯзи 8-уми июн ба Москва баргашт.
Вақтҳои охир бисёр фикр мекард, ба мисли девона шуда буд. Рӯзи 17-уми июн ба садама дучор шуд ва аз ҳамон вақт то ба ҳол дар беморхона бистарӣ аст.
Мақсади ман аз нақл кардани саргузашти рафиқам он аст, ки падару модарон барои пулу моли дунё шуда, аз хушбахтии фарзандони худ рӯй нагардонанд, чунки ин дунё дурӯза аст.
С. Л.