arzon replenishment
Муҳоҷирбача арӯсамро дуздид
29.01.2022
ОИЛА
4192


Ганҷина! Бо зангҳои телефоният, бо ҳарфҳои ширинат, бо меҳрубонию дӯсторият маро сахт ба худат ром карда, оқибат фиребам додӣ.

Зиндагӣ дар назарам бе ту маъною рангу бӯ надошт, аҳд намуда будам, ки баъди соли нав хонадор мешавем, вале…
Чаро якбора қарорат дигар шуд? Ҷавони муҳоҷир хостгорам шуд, гуфта, ишқи маро зери по намудӣ?! Як бор нағзакак андеша кун, ки ба ту чӣ гуна мард лозим: хондагиву босавод ё муҳоҷири оимчабоз?
Худро мӯсичаи бегуноҳ гирифта, ба ҳама гуфтаӣ, ки туро маҷбуран ба шавҳар дода истодаанд, вале ман ба ин бовар надорам. Кӯдак нестӣ, ки туро зӯран ба шавҳар диҳанд! Ҳиллаву найрангатро фаҳмидам, духтар! Хабар ёфтам, ки тӯйи арӯсиятро моҳе пас мегузарондаанд. Домод баъди тӯй туро ба Русия мебурдааст. Ба фарзанди нахустинат номи маро мон, азизи бевафоям!
Даврон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД