arzon replenishment
Муҳоҷир бояд чиро бидонад ва кадом корҳоро тавонад?
1104

Салом! Ман чандин сол боз ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меоям. Пештар дар сохтмон кор карда, даромади нағз ба даст меовардем, вале ду-се соли охир дигар кор дар Русия чандон маънӣ надорад. Қурби пули русӣ афтидааст, бар замми ин, тафтишту санҷиш зиёд аст. Ростӣ, дигар дилам намекашад, ки ба Русия коркунӣ равам. Мегӯянд, ки тоҷикон ба кишварҳои Аврупо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Мехоҳам донам, ки барои муҳоҷират ба хориҷа ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст. Умуман, Тоҷикистон ба кадом давлатҳо муҳоҷири меҳнатӣ равон мекунад? Барои муҳоҷират ба давлатҳои хориҷӣ муҳоҷир бояд аз ӯҳдаи кадом корҳо барояд?  

ҶАМШЕД, аз ноҳияи Муъминобод

Посух:

Диверсификатсия, яъне гуногунсамт сохтани муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, солҳои охир дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Байни кишвари мо ва чандин давлатҳои хориҷӣ дар ин бора шартномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд ва аллакай сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба чанде аз ин мамлакатҳо оғоз ёфтааст. Аз ҷумла тайи чанд соли охир Тоҷикистон шаҳрвандонашро ба таври мутташакилона ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристад. Муҳоҷирони тоҷик дар Британияи Кабир асосан бо корҳои кишоварзӣ аз қабили парваришу ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ-клубника, карам, себ ва ғайра машғул мешаванд. Тавре ки Баҳром Юсуфалиев, ҳуқуқшиноси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо гуфт, дар Британияи Кабир барои ҳар як соати корӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз 8 то 11 фунт-стрелинг пул медиҳанд, ки ин тахминан ба 11-13 доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Британияи Кабир маълумоти олии кишоварзӣ доштан шарт нест, вале муҳоҷир бояд дар бораи навъҳои зироат ва нозукиҳои парваришу ҷамъоварии он каме маълумот дошта бошад. Муҳоҷирон бояд забони ангисиро ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ бидонанд, то ки роҳгум назананд ва мақсаду мароми худро фаҳмонда тавонанд.

Соли равон Тоҷикистон ҳамчунин ба низоми муҳоҷиратии Кӯриёи Ҷанубӣ ворид карда шуд ва шаҳрвандонашро шурӯъ аз соли 2025 ба ин давлат ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристад. Дар Куриёи Ҷанубӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бештар дар самти хизматрасонӣ кор хоҳанд кард. Музди меҳнат ва шароитҳои корӣ хубанд, вале барои ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан шаҳрвандон бояд аз ҳоло ба омӯзиши забони куриёӣ шурӯъ намоянд. Дар назди Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират курсҳои ройгони омӯзиши забони куриёӣ амал менамоянд. Ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан хоҳед, ба ин марказҳо муроҷиат намуда, тариқи ройгон забони куриёиро омӯзед ва дараҷаи касбияти худро дар курсҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баланд бардоред.

Ногуфта намонад, ки байни Тоҷикистон ва давлатҳои араб низ дар масъалаи интиқоли нерӯи корӣ ба ин кишвар гуфтушунидҳо буданд. Айни замон масъулин бозори меҳнати давлатҳои арабиро омӯхта истодаанд ва мегӯянд дар Аморати Муттаҳидаи Араб бештар соҳаи хизматрасонӣ рушд намудааст. Дар сурати ба ин давлат фиристода шудан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар меҳмонхонаҳо ва дигар нуқтаҳои маишӣ кор карда метавонанд.

Тоҷикистон ҳамчунин бо Туркия, Лаҳистон, Ҷопон ва як қатор кишварҳои дигар низ дар масъалаи интиқоли нерӯи корӣ шартномаҳои дуҷониба дорад.

Нияти ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, метавонед ба Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа ё ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Телефонҳо барои тамос: 225-05-75 ва 225-08-33 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД