Commerce bank may-june 2026
Мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дар раддабандии нави ФИФА беҳтар кард
47

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол мавқеи хешро дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр шуд, беҳтар кардааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар муқоиса бо раддабандии қаблӣ, тими мунтахаби Тоҷикистон ду зина боло рафта, айни замон бо касби 1224,19 имтиёз дар зинаи 101-уми ҷаҳон қарор дорад. Байни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё бошад, тими мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 18-ум ҷойгир аст.

Дидорбинии навбатии мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон муқобили яккачини Озарбойҷон баргузор мегардад. Ин дидор дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мегузарад.

Анӯшервон ИСМОИЛЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД