9-уми октябр тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро таҳти роҳбарии сармураббии ҷадид Горан Стевановичи сербӣ анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо тими Малдив бозӣ мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. Нархи чиптаҳо барои ҳамаи нишастгоҳҳо 20 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро аз хазинаи варзишгоҳ харидан мумкин аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8520 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар даври дуюм тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифт.