Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба оғози Ҷоми ҷаҳон-2025 омодагӣ мебинад
05.11.2025
Oila.tj
57

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷинӣ ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили дастаи Чехия омодагӣ мебинад.

Ин бозӣ рӯзи 5-уми ноябр дар майдони 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо дастаҳои Чехия, Буркина-Фасо ва ИМА бозӣ мекунад.

Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17-солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД