Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ӯзбекистон мағлуб шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона аз тими миллии Ӯзбекистон шикаст хӯрд.
Вохӯрии дастаҳо 8-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозиҳои минбаъда бо тими Ӯзбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бозии дуюми дӯстонаи дастаҳо рӯзи 10-уми ноябр дар Тошканд баргузор мешавад. Тоҷикистон дар ин дидор талош мекунад, ки натиҷаи бозии аввалро беҳтар намояд.