Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо тимҳои Филиппин, Малайзия ва Сурия бозӣ мекунад
07.08.2025
Oila.tj
257

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар натиҷа, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт ва бо тимҳои Филиппин, Малайзия ва Сурия бозӣ мекунад. Вохӯриҳои даври интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 13 то 17-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Дар маҷмуъ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои духтарона (U-17) 27 даста ширкат мекунанд. Дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда шудааст: се гурӯҳ аз чор даста ва панҷ гурӯҳ аз се даста иборатанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо тимҳои Филиппин, Малайзия ва Сурия бозӣ мекунад
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси