Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Чин мусовӣ кард
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии дуюми мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Чин баргузор мешавад, бо тими мизбон мусовӣ кард.
Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Рамазон Бахталиев ба самар расонд.
Қаблан шогирдони Рустам Хоҷаев дар бозии аввал бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карда буданд.
Дар даври охирини мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик 17-уми ноябр бо ҳамсолони худ аз Ветнам рақобат мекунанд.