Ба муносибати истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипламатӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси” ҷамъомад баргузор гашт, ки дар он сафирон ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Алимирзамин Аскеров, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонону ҷамъомадагонро хушомадед гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.
Ҷаноби Сафир дар суханрониаш қайд кард, ки Ҷумҳури демократии Озарбойҷон аз рӯзҳои аввали ҳастиаш дар доираи усулҳои демократӣ ва баробарҳуқуқии инсон асос ёфта, нобаробарии нажодӣ, миллӣ, динӣ ва синфиро бартараф карда, сиёсати сулҳҷӯёнаро пайваста амалӣ намуда, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро барқарор созад.
“Рӯзи ташкилёбии аввалин Ҷумҳурии Демоктратӣ барои мо арзишманд аст, бинобар ин мо онро Рӯзи истиқлолияти давлатии Озарбоқҷон Рӯзи Ҷумҳурӣ эълон кардаем ва ин ҷашни миллии мост” гуфт Алимирзамин Аскеров, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Озарбойҷон, яке аз аввлин кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 30 сол қабл 29 маи соли 1992 миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.