12-уми ноябр дар кӯчаи Озодии Занони ноҳияи Сино муноқишаи наврасон бо ҷароҳати вазнини як ноболиғ анҷомидааст.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ноболиғ Раззоқов Б., сокини 16-солаи пойтахт бо ҳамсолаш Ашуров Ф. муноқиша карда, баъдан ҳамдигарро латукӯб намудаанд. Дар ҷараёни занозанӣ Раззоқов бо истифода аз корд ба қисмати чапи қафаси синаи Ашуров зарба задааст.
Навраси ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол дода шудааст.
Бар асоси моддаи 112-и Кодекси ҷиноятӣ (расонидани зарари миёнаи ҷисмонӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.