Дар шаҳри Бӯстон бар асари муноқишаи ду донишҷӯ яке аз онҳо ҷароҳати вазнин бардоштааст. Дар ин бора аз мақомоти корҳои дохилӣ хабар додаанд.
Тибқи маълумоти мақомот, 24-уми сентябр, тақрибан соати 10:00 Ҳакимов Алишери 18-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстон дар назди кӯли шаҳр бо ҳамкурси худ Саодатзода Акбархоҷаи 18-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ муноқиша кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни муноқиша Ҳакимов бо истифода аз корди хоҷагӣ ба Саодатзода ҷароҳати вазнин расонидааст.
Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ҳакимов Алишер аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон дастгир шудааст. Нисбати ӯ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти қазия идома дорад.