Arzon march 2024
Муниса Ризоеваро барои “ниқоби тиббӣ” ҷарима карданд
1640

 

Овозхони шинохтаи ӯзбек Муниса Ризоеваро барои бидуни ниқоби тиббӣ гаштан дар ҷойи ҷамъиятӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар додааст.

Овозхон дар шабакаҳои иҷтимоии худ навореро нашр кардааст, ки ба кӯча баромада, бо роҳгузарон мулоқот мекунад ва дар ин ҳолат ниқоби тиббӣ надорад. Баъди нашри ин навор вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков бо Муниса Ризоева мулоқот карда, пардохти маблағи ҷаримаро ҳатмӣ гуфтааст. Овозхон барои ин амали худ 1 миллион сӯм наздик ба 100 доллари амрикоӣ ҷарима пардохт карда, ваъда додааст, ки дигар беаҳамиятӣ нахоҳад кард. Дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон ҳолати гирифторшавӣ ба вируси навъи COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст ва шурӯъ аз 25-уми март пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳатмӣ шудааст. Нафароне, ки қонуншиканӣ мекунанд, ҷарима мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД