goodwell
Мунира бародарашро кушту...
30.09.2026
Oila.tj
241

Дар вилояти Суғд як занро барои куштори бародараш ба 21 соли зиндон маҳкум намуданд.

Мунира Андаеваи 30-сола сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, бародараш Равшан Андаеви 35-соларо ба қатл расонидааст. Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 12-уми июн рӯй дода, Мунира Андаева ҳамроҳи модар ва бародараш шароб нӯшидаанд. Дар ҳолати мастӣ байни бародару хоҳар ҷангу ҷанҷол сар задааст ва Равшан Андаев хоҳарашро бо истакон зада захмӣ намудааст. Дар ҷавоб Мунира бо болғаи резинӣ ба сару рӯйи бародараш мезанад ва Равшан Андаев аз ҳуш меравад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ба ҷойи ба бародараш ёрӣ расонидан, Мунира Равшанро кашолакунон ба берун бароварда, латукӯбро идома додааст ва ба сараш бо хишт задааст. Дар натиҷа Равшан Андаев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Суд Мунира Андаеваи 30-соларо бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар куштори бародараш гунаҳкор дониста, ба муҳлати 21 сол равонаи зиндон намуд. Аммо бо дарназардошти Қонуни афв аз ҳукми мазкур 3 сол кам карда шуда, зан 18 соли умрашро дар паси панҷараи маҳбас мегузаронад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД