МУЪМИН ҚАНОАТ ВА МИРСАИД МИРШАКАР
БА ҚУЛЛА ТАБДИЛ ЁФТАНД
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар даъвати шашум пешниҳоди ба номи ду шоири маъруфи тоҷик- Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузоштани ду қулларо дар Бадахшон дастгирӣ карданд.
Пешниҳоди мазкурро Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон онро пуштибонӣ кард.
Ҳамин тавр қуллаи Октябрскийро ба қуллаи Мӯъмин Қаноат ва қуллаи Маяковскийро ба қуллаи Мирсаид Миршакар иваз карданд.
Қуллаи Октябрский, ки дар қаторкӯҳҳои Зулумарт қарор дорад, ки ду километр дуртар аз қуллаи Ваҳдат ҷойгир шуда, баландиаш 6640 метрро ташкил медиҳад. Қуллаи мазкур аз ду қулла-ҷанубӣ ва шимолӣ иборат аст. Қуллаи шимолӣ дар баландии 6780 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, баландии қуллаи ҷанубӣ 6762 метрро ташкил медиҳад.
Қуллаи Маяковский аз сатҳи баҳр 6096 метр баланд буда, дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ҷойгир шудааст. Замони Шӯравӣ ин қулла бо пешниҳоди сайёҳ ва адиби рус Павел Лукнитский (муаллифи романи “Нисо”) ба номи шоири рус Владимир Маяковский гузошта шуда буд.