Имрӯз дар қароргоҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯрии Сафир Умут Аҷар бо бонувони фаъоли рӯзноманигори тоҷик доир гашт.
Умут Аҷар бо рӯзноманигорони тоҷик вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти занонро дар васоити ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии ҳамаҷонибаашро барои ҳамкорӣ бо расонаҳои дохилии Тоҷикистон баён дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ барои рӯзноманигорон хони идона ороста шуд.