Arzon march 2024
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин
29.05.2025
Oila.tj
135

Дирӯз, 28-уми май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расониданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баррасӣ карда шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз ҷумла масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷанбаҳои ҳалталаби он ва талошҳо ҷиҳати беҳтарсозии вазъи муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД