35 years of independency
Муҳлати гузаштани муоинаи тиббӣ барои муҳоҷирон кӯтоҳ шуд
03.09.2026
Oila.tj
47

Дар Русия аз 1-уми сентябр қоидаҳои нави муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ба иҷро даромаданд. Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар давоми 30 рӯз пас аз ворид шудан ба кишвар аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Қаблан барои ин 90 рӯз муҳлат дода мешуд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки муддати тӯлонӣ дар Русия қарор доранд, бояд ҳар сол аз муоинаи тиббӣ такроран гузаранд. Муоина муайян кардани бемориҳои сироятии хатарнок, ВНМО, инчунин истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропиро бе таъиноти табиб дар бар мегирад. Хароҷоти муоина ба зиммаи худи шаҳрванди хориҷӣ ё корфармои ӯ гузошта мешавад.

Муоина танҳо аз ҷониби муассисаҳои тиббии ваколатдор гузаронида мешавад. Хулосаи тиббӣ ба таври электронӣ таҳия шуда, дар давоми 24 соат ба феҳристи федералӣ ворид карда мешавад. Маълумот ҳамчунин ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол мешавад. Дар сурати ошкор шудани бемориҳои сироятии хатарнок ё ВНМО, маълумот ба Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Роспотребнадзор) низ фиристода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД