Sebiston new 2024 october
Муҳлати будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия кӯтоҳ карда шуд
799

Русия ба қонунҳои ҷории худ тағйироти нав ворид намуда, муҳлати будубоши муҳоҷирони меҳнатиро дар қаламрави кишвараш кӯтоҳ намуд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия кор мекунанд, расонида мешавад, ки Қонуни федералӣ аз 8-уми августи соли 2024, таҳти №260-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия” аз тарафи Президенти Федератсияи Русия имзо шудааст. Тибқи навгониҳои ба қонун воридшуда, муҳлати будубоши муҳоҷирон дар Федератсияи Русия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки то ин замон муҳоҷирон метавонистанд дар давоми ҳар шаш моҳ 90 рӯз дар қаламрави ин кишвар зиндагӣ кунанд, вале акнун ин муҳлат 50% кам карда шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар як сол танҳо 90 рӯз, яъне 3 моҳ дар қаламрави ин кишвар зиндагӣ карда метавонанд.

Соли тақвимӣ аз 1-уми январ то 31-уми декабр ҳисоб карда мешавад (банди 5, моддаи 2 Қонуни федералии №107-ФЗ «Дар бораи ҳисоб кардани вақт» аз 3-юми июни соли 2011).

Шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки аз кирдорҳои ба Русия зараровар худдорӣ кунанд. Эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Русияро пос доранд. Корнамоии халқи советиро дар муҳофизати Ватан таҳриф накунанд. Ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Русия бо эҳтиром муносибат кунанд.

Муҳоҷирони муваққатӣ метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома зикргардида (на бештар аз 1 сол) ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. (Муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд).

Хуруҷ аз Федератсияи Русия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи муҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад.

Қонуни мазкур аз 2-юми феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Русияро риоя намоянд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53.

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11.

7. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД