arzon replenishment
Мухаллас равғани баданро об мекунад?
04.03.2025
Oila.tj
483

Салом! Ман ҷавонзани 19-сола ҳастам ва ҳанӯз аз овони кӯдакӣ аз вазни зиёдатӣ азият мекашам. Чанд моҳ пеш ба шавҳар баромадам. Шавҳарам аз ман 5 сол калон бошад ҳам, бо сабаби лоғарандом будан хеле ҷавон менамояд. Ростӣ, дар паҳлуи шавҳарам қадам зада, шарм медорам, чунки ман нисбат ба вай ду баробар фарбеҳтар ҳастам. Шунидам, ки гиёҳи мухаллас одамро хароб мекардааст. Ин гап ягон асос дошта бошад ё не? Умуман, барои об кардани равғани бадан чӣ кор кардан лозим аст?

САИДА, аз шаҳри Кӯлоб

Барои посух гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Ин табиби машҳур чунин гуфт:

- Фарбеҳии аз ҳад зиёд 3 сабаби асосӣ дорад. Якум пурхӯрӣ, дуюм ирсият ва сеюм гирифтор будан ба бемории фарбеҳӣ. Шахсоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, бояд ба реҷаи хӯроки худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба чунин одамон хӯрдани нон ва маҳсулоти нонӣ, ҳамчунин гӯшту равғани ҳайвонот ва ширинии бисёр тавсия дода намешавад.

Одамони фарбеҳ бояд ҳатман дар як рӯз ақаллан ду маротиба бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Субҳгоҳон давидан барои об шудани равғанҳои зиёдатии бадан ёрӣ мерасонад. Дар масъалаи мухаллас бошад, дар ҳақиқат он барои халосӣ аз вазни зиёдатӣ ва об шудани равғанҳои бадан кумак мерасонад. Дар баробари мухаллас ман боз чанд гиёҳи дигарро ба шахсоне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, тавсия медиҳам.

Давои муъҷизаноке, ки аз 6 гиёҳ тайёр мешавад

Мухаллас, решаи қоқу, барги тахач, решаи чоқла, решаи аир ва бӯймодарони маҳинбаргро кӯфта, ба шакли хока дароред ва як таркиб созед. Ду қошуқашро ба зарфе андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. Барои тайёр шудани даво ду соат вақт лозим мешавад. Пас аз ин гиёҳобро полонда ба зарфи тоза андозед ва дар як рӯз се маротиба 50-100-граммӣ ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон созед.

Як давои русӣ барои халосӣ аз фарбеҳӣ

Мардуми рус барои халос шудан аз равғанҳои зиёдатии бадан гиёҳеро истифода мебаранд, ки дрок ном дорад. 100 грамм дрокро майда карда, ба як литр винои сафед меандозанд ва даҳони шишаро маҳкам карда, 10 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ медоранд. Пас аз 10 рӯз аз ин даво ҳар рӯз 3-4 маротиба якқошуқӣ нӯшидан гиред, аз вазни зиёдатӣ хеле зуд халос мешавед.

Боз як давои сода барои харобшавӣ

Барои хароб шудан ман боз як давои содаро ба шумо пешкаш менамоям. Гиёҳи ришқаро шуста майда кунед ва баъдан онро кӯфта ба шакли хока дароред. Ҳар рӯз якқошуқӣ аз ин хока ба хӯриш ва дигар ғизоҳои мехӯрдаатон андозед. Хокаи ришқаро ҳатто ба чой ҳам омехта карда нӯшидан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД