Кӯҳҳои Чжанйе Данксӣ яке аз зеботарин муъҷизаҳои рӯйи замин ба шумор мераванд. Ин кӯҳҳо дар давоми 24 миллион сол ташаккул ёфтаанд. Сабаби рангоранг будани онҳо дар таркиби минералҳо ва сангҳои таҳшинӣ аст.
Кӯҳҳои Чжанйе Данксӣ дар боғи миллии геологии Чжанйе Данксӣ, музофоти Гансу, Чин ҷойгир буда, масоҳаташон зиёда аз 500 км² мебошад. Рангҳои гуногун ва шаклҳои ғайриоддии кӯҳҳо мисли наққошии табиӣ ба назар мерасанд. Ранги сурх ва норинҷии ин кӯҳҳо аз кӯҳҳо аз оксиди оҳан, зарги сардашон аз сулфур, ранги сабз аз магний ва мис ва рангҳои кабуду бунафи кӯҳ аз ғубори вулқонӣ пайдо шуда, дар давоми миллионҳо сол, ин қабатҳо ба ҳам омехта шудаанд ва зери таъсири шамол ва об шаклҳои аҷиб пайдо кардаанд. Пас аз борон рангҳои кӯҳҳо боз ҳам дурахшонтар мешаванд. Субҳ ва шом офтоб ба ин минтақа нурҳои мулоим партоканда, манзараи афсонавӣ ба вуҷуд меояд.
Кӯҳҳои Чжанйе Данксӣ бо манзараи нотакрори худ ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд. ЮНЕСКО ин минтақаро ҳамчун яке аз маконҳои геологии беназир эътироф кардааст.