- Шумо филми “Дов”-ро тамошо кардед?
- “Дов”-ро дидӣ?
- “Дов” воқеан, филми диданӣ аст...
- “Дов”-ро агар надида бошӣ, пас бисёр чизро аз даст додаӣ...
Ин суолу ҷавоб чанд рӯз аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ аст. Махсусан, пас аз он, ки филми ҳунарии “Дов”-и режиссёри ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар пас аз сайри ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ ба интернет роҳ ёфт. Инак, филми мазкур дар онлайн-кинотеатри “ОилаТВ” дастрас аст ва ҳамагон метавонанд онро ба роҳатӣ тамошо кунанд. Чун ин шабу рӯз ҳама аз “Дов” мегӯянд, мо ҳам роҳ пеш гирифтем ба киностудия “Довфилм” то бо режиссёр Муҳиддини Музаффар ҳамсуҳбат шавем.
Мо филм сохта метавонем!
- Акаи Муҳиддин, имрӯз ҳама аз филми “Дов” мегӯянд. Вале то ҷое медонем, дар ибтидо онро дар Тоҷикистон хуб қабул накарданд. Сабаб дар чист?
- Дар аввал эътироф нашудани филми “Дов” сабабҳои зиёд дорад. Яке аз ин сабабҳо он аст, ки дар зеҳни мардуми мо, чи шахси одӣ бошад, чӣ зиёӣ ё корманди давлатӣ, ҳамин гуна як стереотип вуҷуд дорад, ки “мо филм сохта наметавонем”. Яъне он ҳангом на ба филми “Дов”, балки ба филми тоҷик эътимод набуд. Мегуфтанд, “хайр як филм сохтаанд, баъд чӣ?”. Филми “Дов”-ро низ мутаассифона ҳамин гуна қабул карданд. Вақте ман дар Маскав бо ин филм кори дипломиамро ҳимоя намудам, умедвор будам, ки чӣ гунае, ки дар ин ҷо филм гарм истиқбол ёфт, дар Тоҷикистон низ хуш қабул мекунанд. Вале мутаассифона...
- Пас чӣ гуна шумо тамошобинро бовар кунонидед?
- Баъд аз он ки филм дар чандин ҷашнвораҳо намоиш дода шуд ва баҳои баланд гирифт, таваҷҷуҳ дар дохил торафт ба он меафзуд. Ва вақте филм оммавӣ шуд, бештари нафарон дарёфтанд, ки ин филм аз шумори он филмҳое нест, ки дигарон мепиндоранд. Яъне гуфтан мумкин, ки шуҳрати филми “Дов” нахуст дар берун сохта шуд, баъд дар ин ҷо. Имрӯз мумкин як муаллим ё мансабдори одӣ ин филмро чандон хуб нашиносад, вале бинед, ки аллакай тамоми ҷаҳон дар бораи он гап мезананд. Ин албатта муваффақияти калони созандагони филм аст.
- “Дов” то кунун ба чанд ҷашвора роҳ ёфт ва чӣ ҷоизаҳоеро ба даст овард?
- “Дов” то имрӯз ба 33 ҷашнвора роҳ ёфта, наздик ба 20 кишвари оламро тай кард ва шукр, ки сазовори 27 ҷоиза шуд. Гузашта аз фестивалҳо, “Дов” дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ва дигар ҳамоишҳо намоиш дода шуд. Ин кор ҳанӯз давом дорад ва дар рӯзҳои баъдӣ низ филми “Дов” аз қисмату тақдири халқи тоҷик ба тамоми дунё паём хоҳад расонд.
“Мочквич”-и ёдгорӣ
- Ҷое хондам, ки сюжети филми “Дов” ба рӯзгори шумо ҳам пайвандӣ дорад...
- Бале. Ин филм аслан достони замони бачагии ман аст. Образи қаҳрамони асосӣ ин образи бобоям аст. Ва тамоми симоҳое, ки дар ин филм мебинед, симоҳои даврони бачагии мананд. Зиндагӣ бешак он айём мушкил буд, вале мо ки кӯдак будем, дар назарамон он рӯзҳо ширин менамуданд ва хотироти рангини имрӯзамон ҳам аз он даврон аст. Дар ҳамон овони мушкилӣ, ранҷу азоб, гуруснагиҳо мо тавонистем, ки инсониятамонро нигоҳ дорем. Ва ҳадафи асосии ман низ аз таҳияи филм нишон додани адолату инсонигарӣ буд. Ин қиссае буд, ки ман даҳсолаҳо орзуи таҳияи онро доштам.
- Вақте ки филми русии “Саворае бо исми марг” таҳия мешавад, коргардон барои нишон додани симои Москваи қадима тамоми манзараҳои пешинаи шаҳрро аз нав месозад. Шумо низ дар ин филми худ тамоми ҷузъиёти зиндагии 30-40 соли пешро инъикос кардаед. Сохтани чунин муҳит чӣ душвориҳо дошт ва оё аз он декоратсияҳо имрӯз чизе боқӣ мондааст?
- Барои сохтани ин филм тақрибан 5 миллион сомонӣ маблағ даркор буд. Вале мо бо кумаки мардуми маҳаллӣ бе ҳеҷ ёрии дигар тамоми саҳнаҳои онро омода кардем. Мо вақте тариқи радиои шаҳри Конибодом эълон кардем, ки ба наворгирии филми таърихӣ шуруъ мекунем, бовар мекунед, мардум тамоми чизе, ки дар сандуқашон бозмонда аз замони шуравӣ доштанд, барои наворгирӣ ба мо пешниҳод карданд. Ва ҳамчунин дар саҳнаҳои умумӣ агар таваҷҷуҳ карда бошед, ҳама мардуми одӣ нақшофарӣ кардаанд. Сохтани чунин фазо дар шароите, ки замон тағйир меёбад, мушкил буд. Хонаҳо аллакай аврупоисохт ва фарқкунанда буданд. Вале мо муддати қариб 3 моҳ болои ин ҳама кор карда, фазои солҳои навадро ба вуҷуд овардем. Барои интихоби роҳи оҳан муддати 3 моҳ тамоми роҳҳои Исфараву Конибодомро пиёда тай карда, наздики якуним сол болои сенария кор кардем. Ҳамзамон, барои ин филм ду мошини “Москвич” истифода шуд, як “Москвич”-и навро мо аз Сариосиё бо нархи 43 ҳазор сомонӣ харидем. Тасаввур кунед, ба нархи як мошини “Мерседес”. Ин “Москвич” ҳамагӣ 26 ҳазор км гашта буд, даруни он бӯйи шуравӣ мекард. Ба ҳамин хотир диламон нашуд, ки дар охири филм ин мошини зеборо пора кунем. Аз ин рӯ як мошини дигар ёфта, мисли он рангубор карда, дар қисматҳои охири филм истифода бурдем. Яъне барои худи ҳамин 2 мошин камаш 70-80 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд. Вобаста ба қисмати дигари савол ҳаминро қайд карданиам, ки феълан аз филм ҳамин ду “Москвич” боқӣ мондааст, ки дар киностудияи “Довфилм” нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар орзуи нақш аз дунё рафтанд...
- Дар баробари ин қадар муваффақиятҳо, як далели аз “Суғдсинамо” рафтани Шумо ҳам филми “Дов” буд. Аз ин гиламанд нестед?
- Ман 8 сол дар “Суғдсинамо” роҳбар будам. Худам ҳам ҳис мекардам, ки дар кутоҳтарин муҳлат бояд фазоро иваз намоям. Ва барои чунин тасмим филми “Дов” таъсири калон гузошт. Умуман, ин филм на танҳо зиндагии ман, балки зиндагии тими маро иваз кард. Боис ба тавлиди як студияи дигар, яъне “Довфилм” шуд. Гузашта аз ин, ман фикр мекардам, ки минбаъд бояд дар Душанбе монам. Ин ҷо фазои корӣ муҳайё аст. Тамоми ҳунарпешаҳо дар ин ҷо ҳастанд. Яке аз ҳадафҳои минбаъд ба пойтахт баргаштанам низ ҳамин буд.
- Бо “Суғдсинамо” имрӯз ҳамкорӣ доред?
- Ҳамкорӣ надорам. Муҳим ин ки Ҳукумати вилояти Суғд бачаҳоро дастгирӣ кунад, то онҳо низ соҳаро пеш баранд.
- Пас аз таъисиси киностудияи хусусии “Довфилм” гуфтед, ки як ҳадафи аслии шумо баргардонидани обруи ҳунарпешаҳо ва умуман синамогарони тоҷик аст. Бо кадом роҳ ба ин ҳадаф расидан мехоҳед?
- Обрӯйи ҳунарманд ҳамон вақт баланд мешавад, ки дар филмҳои хуб нақшофарӣ кунад. Вақте минбари хуб барои ҳунармандон нест, муҳити хуб пайдо намешавад, ҳунарманд боварӣ ба худро аз даст медиҳад. Ман дар ҷашнвораҳо бо бисёр ҳунармандону шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон ҳамсуҳбат шудаам. Онҳо ҳам аксаран мисли ҳунармандони мо ҳастанд. Яъне он гунае, ки мо фикр мекунем, чандон фарқкунанда нестанд. Фақат бо он фарқ мекунанд, ки онҳо образҳои бузургро иҷро кардаанд, онҳо минбари баланд барои худ сохтаанд.
Масалан, ҳунарманди касбӣ дар ҳар ҷое, ки мардум мегардад, дар он ҷойҳо намегардад. Ё ба ҳар гуна филмҳо намеравад. Ба ҳар гуна мошинҳо намешинад. Ӯ бояд дастнорас бошад. Ана дар ин сурат мақому манзалати актёр боло меравад.
- Вале ҳунармандони машҳури мо дар филмҳои ғайрикасбӣ ва ҳатто роликҳои блогерони ғайриҳирфаӣ низ иштирок мекунанд...
- Ҳунарманд ҳама вақт як шахси вобаста аст. Барои ӯро кушодан режиссёри касбӣ, синамои касбӣ ва муҳити касбӣ лозим аст. Бовар мекунед, чӣ қадар ҳунармандони калонсол ба ман занг мезананд, ҳатто гиря мекунанд, ки чаро филми арзишманде нест, ки дар он нақш офаранд, ҳадди аққал нақши лаҳзавӣ. Ва чӣ қадар ҳунармандони бузург бо ҳамин ормон аз дунё рафтанд...
Барои тарабхона пул ҳаст, барои фарҳанг не
- Фазои филмсозӣ ва синаморо имрӯз дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Тавре ки болотар гуфтам, имрӯз мардуми мо сарфаҳми филми касбӣ аз филми дар як ҳафта сохташуда намераванд. Масалан, дар кишвари Эрон агар як коргардон даст ба филмсозӣ занад, соҳибкорон барои сохта шудани ҳамон филм дар бари он коргардон меистанд, на барои он ки аз он филм манфиат бигиранд. Шумо ин ҷо ҷаҳони фаҳмиши соҳибкори Эронро бо худамон қиёс кунед. Ман бо чандин соҳибкорони эронӣ суҳбат доштам, барои онҳо манфиати моддӣ аввалиндараҷа нест, онҳо ба воситаи филм ба зеҳни ҷомеа паём медиҳанд. Вале ман ҳамин гуна соҳибкоронро дар кишвари худ надидам. Агар дар бари коргардонҳои мо ҳам соҳибкорони боақл истанд, ба манфиати соҳа хоҳад буд... Дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам бояд як фонди махсус бошад, ки синаморо дастгирӣ кунад. Мисли Фонди кинои Русия...
- Шояд набудани шароити иқтисодӣ мардуми моро аз синамо дур кардааст...
- Яке аз сабабҳои асосӣ ин хоҳиш доштан аст. Масъулияти рушди синаморо дарк кардани зеҳнҳои огоҳ аст, фаҳмиши роҳбарон, мақомдорону зиёиёни мо муҳим аст. Ман чанд рӯз қабл аз роҳбарияти як шаҳр хоҳиш кардам, ки нахустнамоиши филми “Моҳӣ дар шаст”-ро дар шаҳратон дастгирӣ кунед. Ҳамчунин, хоҳиш кардам, ки дар қатори дигарон худатон низ ин филмро бубинед. Онҳо розӣ шуданд, вале рӯзи намоиш меравам на раис ҳаст, на муовини идеологӣ ҳаст, на раиси дастгоҳ. Хуллас, ҳеҷ кас аз роҳбарон дар лаҳзаи тамошои филм дар толор нест. Пурсидам, гуфтанд “раис банданд, худ дидан гиред”. Нахустнамоиш баргузор гардид. Вақте аз толор баромадам, раисро дар берун машғули сигоркашӣ дарёфтам. Вале барои ман муҳим аст, ки масъулин филмҳоро бубинанд ва масъулият эҳсос кунанд, ки синамои миллиро дастгирӣ мебояд. Дар масъалаи шароити иқтисодӣ. Шароити мардуми мо шукр ки хуб аст. Шабу рӯз агар ба тарабхонаву қаҳвахонаҳои бузург равед, пур-пури одам аст. Харидани чипта ва ё ба як муассисаи фарҳангӣ рафтан мисли солиёни қабл дигар мушкилӣ пеш намеорад...
Муҳим роҳи корро ёбем
- Оё орзу доред, ки дар онядаи наздик бойтарин режиссёри Осиёи Марказӣ шавед? Оё рақибонатон ба ин роҳ медиҳанд?
- Медонед, нигоҳи ман ба зиндагӣ тамоман дигар аст, ман аслан ба касе кор надорам. Ҳадафу нақшаи ман ин филмсозӣ, муаррифии синамои ватанӣ ва ба арсаи ҷаҳонӣ баровардани филмҳои диданӣ аст. Ман ба ҳеҷ кас на дар ин ҷо ва на дар хориҷа кор надорам. Яъне таваҷҷуҳи ман ба худам аст. Барои беҳтар кардани фаъолият ва тими худам.
- Дар нахустнамоиши як филматон гуфтед, ки нақши Саидмурод Давлатов дар рушди шахсияти Шумо бузург аст.
- Бале. Нақши Саидмурод Давлатов дар тағйири андешаҳои ман хело бузург аст. Ӯ барои ман дарвозаи тамоми дунёро боз кард. Аз ҷумла, барои таҳсили ман дар ВГИК, танзими молиёти киностдуия ва дигар корҳо саҳми устод хело бузург аст. Умуман саҳми Саидмурод Давлатов барои ман ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ хеле чашмрас аст.
- Шумо филмҳои “Аз миллион яке” ва “Моҳӣ дар шаст”-ро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Русия ва Эрон сохтед. Ин ҳамкориҳо то чӣ ҳад муҳим ҳастанд?
- Албатта, ҳар кас баробари тавони худ кор мекунад. Ҳамкорӣ барои такмили филм муҳим аст. Ва ногуфта намонад, ки дар ҳамбастагӣ таҳия намудани филмҳо хароҷот ҳам дорад. Ман ки бо филми “Дов” дар бисёр ҷашнвораҳо будам, бо бисёр режиссёрону продюсссерон вохӯрдам, бароямон роҳи ҳамкорӣ кушода шуд. Имрӯз яке аз ҳадафҳои синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҳам ин аст, ки хориҷиён ба филмҳои мо таваҷҷуҳ кардаву бо синамогарони тоҷик ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Дунё дунёи боз аст имрӯз, маҳорат бошад шоҳроҳи интихобкардаатон кушода мешавад. Муҳим забони корро ёфтан лозим.
Нақшаи таҳияи сериали миллиро дорам
- Аз муносибати хонавода мехостам бипурсам. Зеро на ҳар оила тобу тоқати бо эҷодкор зиндагӣ карданро доранд?
- Ман хушбахтам, ки дар хонадони ман онҳое ҳастанд, ки маро дарк мекунанд. Сараввал модарам, ки дар ҳамон замони мураккабу душвор маро роҳнамо буданду то имрӯз дар барам ҳастанд. Ҳатто ҳамон солҳои нодорӣ ҳам модарам маро намегузоштанд, ки ба мардикорӣ равам, балки мегуфтанд, “ту бояд хонӣ”. Дуввум, дар паҳлуи ман ҳамсарам меистад, ки дар ҳама пастиву баландиҳо маро дастгир аст. Ҳамсари коргардон будан хело душвор аст. Ҳамсари коргардон будан яъне, ки танҳо аз пайи зиндагӣ шудан аст (механдад). Соҳиби 4 фарзандам. Новобаста ба он ки шабу рӯз пайи кори эҷодиам, ҳамсарам ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул аст ва пайваста маро дастгирӣ мекунад. Аз онҳо хело миннатдорам.
- Ҳар як шахси муваффақ, хоса оне, ки дар зиндагӣ ҳадафу дурнамои муайян дорад, бе нақшаву ҳадаф рӯз намегузаронад. Аз нақшаҳои соли ҷадид мехостам бипурсам.
- Одатан аз ҳадафҳо гап заданро дӯст намедорам. Фақат гуфтан мехоҳам, ки нақшаи таҳияи як сериали миллиро дорам. Бигзор айни ҳол ин кор махфӣ монад. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм” филми наверо шуруъ кардаем, ки то ҷашни 35 солагии Истиқлол омода мешавад. Тасмимҳо бисёр ҷиддианд, вале ҳамин қадарро гуфтан мехҳам, ки то корҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ анҷом наёбад, осуда нахоҳам буд. Аз фурсат истифода бурда ба тамоми онҳое, ки маро дастгирӣ мекунанд, хусусан тими “Довфилм” сипос мегӯям, ки новобаста ба ҳама бурду бохт то имрӯз дар барам ҳастанд.
Мусоҳиб: Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ, журналист