Варзишгари умедбахши тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Лимаи Перу багузор гардид, дар даври сеюм бо Муҳриддин Маъруфов аз Ӯзбекистон гӯштин гирифта, ӯро мағлуб кард ва ба финал баромад.
Дар финал Асадуллоев бо Рюсей Аракава аз Ҷопон қуваозмоӣ карда, ғалаба ба даст овард ва медали тиллоро ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ба гардан овехт.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Муҳиддин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.