Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа гуфт, ҳар он мусулмоне, ки назди фолбину ҷодугар меравад, кофир мешавад ва никоҳаш ботил мегардад.
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз минбари масҷиди марказии Душанбе гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром маҳсуб мешавад ва ҳар касе, ки ба сеҳргарӣ машғул мешавад, аз имон ҷудо мешавад.
“Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд, ки никоҳашон бо шавҳарон ҷудо мешавад. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд”,- афзуд муфтии Тоҷикистон.
Ӯ таъкид кард, ки “ҳамон ҷодугарон худ ҳоли табоҳ доранд, наметавонанд бахти касеро кушоянд, агар метавонистанд, пеш аз ҳама худро хушбахт мекарданд”.
Ин мавъизаи муфтӣ дар ҳоле аз минбари масҷиди марказии Душанбе садо медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон бо фолбину ҷодугарон мубориза мебарад. Охири моҳи августи соли 2024 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.
Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.