Шамил Аляутдинов, муфтии масҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав зимни як муроҷиати худ муҳоҷирони меҳнатиеро, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия омадаанд, ҷонибдорӣ намуда, ба ғазаби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия гирифтор гаштааст.
Шамил Аляутдинов дар баромадаш қайд кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёт ва пешравию ободонии Русия нақши хеле муҳим дошта, ба ин кишвар нур ва сафо меоранд, аммо мардуми маҳаллӣ баҳудаю беҳуда дили онҳоро меранҷонанд, озор медиҳанд. Муфтии Маскав ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки аз мардуми рус наранҷанд ва онҳоро ба сабурӣ даъват намуда, гуфтааст: "Дар Русия мардум камтар табассум мекунанд, чунки минталитети мо як андоза сард аст. Аммо Осиёи Миёна сарзамини меҳмоннавоз буда, мардумонаш хеле самимӣ ва табиатан меҳрубонанд. Онҳо ҳамеша чеҳраи кушода доранд ва бо худ ба сарзамини мо нуру сафо меоранд. Аз ҳамин хотир новобаста аз баъзе мушкилоти муҳоҷиратие, ки айни замон вуҷуд доранд, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба мо хеле заруранд, чунки онҳо дар ободонӣ ва пешрафти Русия саҳми арзанда мегузоранд...”.
Ин муроҷиати муфтии масҷиди ҷомеъи Маскав дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Мардуми маҳаллӣ, ки вақтҳои охир ҳисси миллатгароияшон хеле боло рафтааст, аз муҳоҷиронро пуштибонӣ кардани Шамил Аляутдинов сахт ба ғазаб омадаанд. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми ҷиноятҳои дар Русия содиршавандаро ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна рабт дода, навиштаанд, ки онҳо аслан ба “гармию нур”-и муҳоҷирон ниёз надоранд, агар Шамил Аляутдинов инро мехоста бошад, метавонад ба Осиёи Миёна равад.