Commerc banl
Муфтӣ кай фаро расидани “Шаби Қадр”-ро эълон кард
107

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон кай фаро расидани “Шаби Қадр”-ро эълон намудааст.

Шаби қадр, ки дар байни мардум ҳамчун Лайлат ал-Қадр машҳур мебошад, яке аз беҳтарин шабҳои моҳи мубораки Рамазон буда, ба гуфти муфтӣ, имсол бегоҳи душанбе ба сешанбе, яъне шаби 16 ба 17-уми март фаро мерасад.

Китоби муқаддаси “Қуръон” маҳз дар “Шаби Қадр” ба паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гаштааст ва тавре уламо мегӯянд, дар ин шаби муқаддас тамоми дуову ибодатҳои бандагон, ки аз сидқи дил ба Офаридгор муроҷиат мекунанд, қабул ва иҷобат мешавад.

Тиловати Қуръон, хондани намози таҳаҷҷуд ва зикр намудани номи Худованд дар ин шаби муборак савоби зиёде дорад. Аз ин рӯ, аксари мардум дар ин шаб то дамидани субҳи содиқ шабзиндадорӣ карда, бо ибодат машғул мешаванд.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳар шахсе шаби Қадрро аз рўи имону ихлос шабзиндадорӣ кунад, Худованд гуноҳони гузаштаашро меомурзад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД