35 years of independency
Муфтӣ ба сарбозон: дастгири ҳамдигар бошед, на озордиҳандаи якдигар
21.10.2026
Oila.tj
96

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сарбозону марзбонони тоҷик даъват кардааст, ки якдигарро озор надода, ҳамдигарро дастгирӣ кунанд.

Бино ба иттилои Шурои уламо, ин мулоқот рӯзи 20-уми октябр дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Абдуқодирзода зимни суҳбат бо сарбозон таъкид кардааст, ки давраи хидмати ҳарбӣ бояд барои дастгирии ҳамдигар истифода шавад, на барои озору азият.

«Ин барои шумо беҳтарин фурсат аст, ки дар ин ҷо на ин ки барои худ душман, на касеро озор бидиҳед, баръакс, ҳамдигарро дастгирӣ кунед. Ин аст нангу номусу мусалмонӣ»,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои манбаъ, муфтӣ ҳамчунин дар бораи аҳаммияти ҳифзи марзу буми кишвар ва масъулияти хидмат ба халқу давлат суҳбат карда, аз сарбозон даъват намудааст, ки вазифаҳои хидматии худро содиқона иҷро намуда, интизом, ростқавлӣ, эҳтироми ҳамдигар, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаи исломиро риоя кунанд.

Озору азияти сарбозон, аз ҷумла таҳқиру латукӯби наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор аз мушкилоте ба шумор меравад, ки солҳои зиёд дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон матраҳ мешавад. Мақомот дар баъзе ҳолатҳо вуҷуди чунин мушкилотро дар артиш рад кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД