Formula novemver 2024
Муфлис шудан дар хоб чӣ таъбир дорад?
2484


Дугонаи надике дорам, ки падару бародаронаш бо тиҷорат машғул буда, зиндагии серу пур ва хонаву дари қасрмонанди бошукуҳ доранд. Сарватманд бошанд ҳам, онҳо мағрур ва ҳавобаланд нестанд. Одамони хоксор ва хайрхоҳу меҳрубонанд, ҳамеша ба беваю бечораҳо, ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд дасти кӯмак дароз мекунанд. Дишаб хоб дидам, ки оилаи онҳо ба қавли русҳо “бонкрот” шудаанд ва дугонаам дар як кулбаи вайрона нишаста, сарашро дошта, гиряву нола дорад. Сахт дар изтироб афтидаам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Маҳин, муштарии "Оила"

 

Ташвиш накашед, дар хоб муфлис, яъне “бонкрот” шудан фоли бад набуда, баръакс хуб аст. Муфлис шудан дар хоб рамзи бахту барор ва пешравиҳои назарраси шахс мебошад.

Тавре дар хобномаҳо омадааст, кас хоб бинад, ки муфлис шудааст, ягон чизи қимматбаҳоро ба даст меорад, соҳиби пулу моли зиёд мешавад ё корҳояш барор гирифта, соҳиби даромади калон мешавад ва комёбу муваффақ мегардад.

“Бонкрот” шудан дар хоб чунин маънӣ дорад, ки дар ҳаёти шахс тағйироти бузурге рӯй медиҳад ва минбаъд ба чи коре,ки даст назанад, кораш бобарор анҷом меёбад, агар ба тиҷорат даст занад, пули калон ба даст меорад, лоиҳаеро анҷом диҳад, шӯҳрат меёбад...

Хоб бинед, ки касе аз аҳли оила ёдӯстону наздиконатон муфлис шудааст, бо шахси номдор ва дасткушоду хайрхоҳе дӯстию ошноӣ пайдо мекунед, ки барои амалӣ гардонидани орзуҳои наҷибатон ба шумо ёрӣ медиҳад.

Ниҳоят шахсеро во мехӯред, ки як умр барои шумо такягоҳи боэътимод мегардад ва шодию ғами худро бо ӯ қисмат карда метавонед.

Ин вохӯрӣ барои шумо туҳфаи беназири тақдир хоҳад гашт, зеро бо кӯмаки он дӯстатон шумо метавонед ҳаёти худро дигаргун сохта, соҳиби зиндагии серу пури шоиста гардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Марьям 2023-10-02, 06:50
Ассаламу Алейкум. Имшаб хоб дидам ки як токе аз ангур бисер бузург ва гафс Аст ва дар болояш факат як гунча ангур овезон Аст тамом.мебахшед мехостам хобамро таъбир кунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Марьям 2023-10-02, 06:50
Ассаламу Алейкум. Имшаб хоб дидам ки як токе аз ангур бисер бузург ва гафс Аст ва дар болояш факат як гунча ангур овезон Аст тамом.мебахшед мехостам хобамро таъбир кунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД