arzon replenishment
МУБОРИЗ УСМОНОВ КОХИ СУРУШРО "ТАРКОНД"
2518


Шоми 20- май дар толори Кохи Суруш консерти нахустини шоумен, ровии шинохта ва сарояндаи боистеъдоди тоҷик Мубориз Усмонов баргузор гашт.

Маҳфили зебои ҳунариро журналисти шинохта Орзу Исоев ҳусни оғоз бахшида, ситораҳои санъат, ҳунарпешагони номдор, хабарнигорон, блогерҳо ва дигар меҳмонони олиқадрро ба толор хуш омадед гуфт, пасон ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” бо як рақси ҷаззобу дилкаши худ саҳнаро тарабобод гардонд.

Барномаи консертии Мубориз Усмонов дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гашта, меҳмонон аз таронаҳои дилфиреби ин ҳунарманди ҷавон ба ваҷд омаданд ва ба маҳорати сарояндагии Мубориз баҳои баланд дода, ба ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар садҳо таҳсин хонданд. Чеҳраҳои шинохтаву муваффақи шоу-бизнеси тоҷик-Мадина Ақназарова, Абдурозиқ ва Барон ба табрики Мубориз Усмонов омада, бо таронаҳои дилнишини худ хотири аҳли нишастро болида сохтанд. Дар ин маҳфили зебои ҳунарӣ ҳамчунин Чоршанбе Аловатов, Бахтовари Бобоҷон, Шоираи Раҳимҷон, оҳангсоз, Фарҳод Зикиров, Самад Ғанӣ, Роҳбари ансамбли “Гулшан” Бахтиёр Иброҳимов, Файзигул Юсупова, Шуҷотулло, Моҳира Тоҳирӣ, ва дигар чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик ширкат доштанд ва ба Мубориз Усмонов дар роҳи хеле душвор, аммо пурифтихори санъат барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуданд.

Мубориз Усмонов дар вазифаи директори “Новое радио” фаъолият намуда, ҳамзамон бо эҷоди таронаҳои дилнишин машғул аст. Қаблан ин ҷавони боистеъдод дар “Шабакаи Аввал”-и телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ровӣ барномаи “Имшаб”-ро пеш мебурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД