Ман Муҳайё, муҳоҷирзан, аз шаҳри Тюмени Русия. Зиндагии душвори оилавӣ маро маҷбур кард, ки ба муҳоҷират биёям. Мисли дигар занҳо бешавҳар нестам, шукри Худо хонаи обод дорам, вале бо сабаби танбалхӯҷа будани шавҳарам маҷбур шудам, ки лаҷоми зиндагиро ба дасти худ бигирам.
Дар як рӯз сад бор мегуфтам, ки “Ҳой мардак, то кай дар пеши ман мешинӣ, баро мисли дигар мардҳо дар ягон ҷо кор карда, ризқу рӯзии бачаҳоятро биёр, охир мо то кай гуруснаву ташна чашмаки ману чашмаки ту карда мешинем”, вале ба он гарданғафс гап таъсир намекард. Нангу номус карда ба бародаронам занг зада хоҳиш намудам, ки маро зери қаноташон бигиранд, то кор карда зиндагии худу фарзандонамро пеш барам. Вақте ба Русия омада пулёб шудам, шавҳарам чунон ба ман меҳрубон шуд, ки ногуфтанӣ.
Сад бор садқаю банда шуда мегуфт: «Занакҷон, дар хона орду рӯғану шакару картошка тамом шудааст, пул намефиристӣ?» Ҳар ҳафта «бачаҳоро пули мактабашон насупоридагӣ, пойафзол надоранд, либос харидан лозим» гӯён, ягон баҳона ёфта пул талаб мекард. Фарзандонам азоб накашанд гуфта, маоши мегирифтаамро як тин намонда ба хона мефиристодаму худам аз ҳисоби бародаронам мехӯрдам. Хешу табор мегӯянд, ки пули муфт шавҳарамро маст кардааст, рӯзи дароз аз хона набаромада, телевизор тамошо мекунаду ҳатто ба фарзандонаш аҳамият намедиҳад. Бачаҳоям рӯзи дароз ба ҳоли худ мегаштаанд. Аламам меояд, ки ман дар ин ҷо хар барин то нисфи шаб кор мекунаму шавҳари фориғболам кайф карда дар болои дивани мулоим хоб меравад ва фақат Худо медонад, ки чӣ номаъқулиҳо мекунад.
Бародаронам рафтори шавҳарамро шунида, девона мешаванд, вале ба хотири бахти хоҳарашон лаб зери дандон гирифта гаштаанд. Фарзандонам гоҳ-гоҳ занг зада мегӯянд, ки “аз рӯзе, ки шумо рафтед, падарам моро ғулом барин кор мефармояд, очаҷон, илтимос ба хона баргардед”. Дар байни обу оташ монда чӣ кор карданамро намедонам. Ба хона баргардам, боз ба нони хӯрдан зор мешавем, наравам, шавҳари муғамбирам бачаҳоямро азоб медиҳад. Аслан, дилам аз ин мардаки бекорхӯҷа кайҳо хунук шудааст, аммо фарзандонам сағера нашаванд гуфта тоқат карда гаштаам.
Хонандагони азиз, хаста шудаам аз кашидани бори гарони зиндагӣ. илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Муҳайё, аз ш. Тюмен.