toyota motors
Муаррифии «Устувонаи Куруши Кабир» дар Вена
30.04.2026
Oila.tj
14

Дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи ҷаласаи Кумитаи ченаки инсонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, дар чорабинӣ аз ҷумла иброз гардидааст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии шарикон ЮНЕСКО зимни ҷаласаи 43-юми Конфронси генералӣ «Устувонаи Куруши Кабир»-ро яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар эътироф намуд.

Вобаста ба ин татбиқи ташаббуси дигари ҷаҳонии Тоҷикистон – «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ-2027» дар татбиқи пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД