Arzon march 2024
Муҳаммадҷонзода: Калимаи мурғоб хато аст
379

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст раиси Кумита корҳои анҷомёфтаи нимсолаи аввали соли ҷориро ироа намуда, ба хабарнигорон оид ба тағйири номҳо ва истилоҳоти ғалати истифодашаванда ҳисобот дод.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод, зикр намуд, ки калимаи Мурғоб хато буда, бояд он ба Марғеб иваз шавад ва ин тағйирот ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ низ пешниҳод шудааст.

Инчунин, қайд гардид, ки барои инкишоф ёфтан ва пойдор мондани забонҳои модарии минтақаҳои гуногун, махсусан, забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ чораҳо татбиқ шуда истодааст.

Чанд рӯз қабл Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳал, низ зимни нишасти хабарии худ таъкид кард, ки бо пешниҳоди онҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ аз соли 2021 инҷониб 174 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз гардидааст.

Ба таъкиди ӯ, аз тарафи гурӯҳи кории кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 593 номи субъектҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод 7682 номро объекти ҷуғрофӣ ва 4911 ададро номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин ташкил медиҳанд.

Инчунин, ӯ қайд кард, ки кумита номгузорӣ кардани 10 шаҳрак, 28 деҳот, 553 деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва воҳидҳои маъмурии ноҳияи Файзободро ба уҳда гирифта, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои пешниҳоди хулосаю мувофиқасозӣ ба  вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД