arzon replenishment
Муҳаммадалӣ Абдуалиев: Занам аз рӯйи баҳси қирғизҳо аз хона баромада рафту...
1539

 Муҳаммадалӣ Абдуалиев, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, сабаби пош хурдани оилаашро дар баҳсҳои марзӣ бо қирғизҳо медонад. Ин марди тоҷик бо ҳасрат мегӯяд:

“Занам инсони хуб ва мо соҳиби ду духтар будем, аммо шабу пагоҳ баҳсу наҳс кардани қирғизҳо ӯро аз зиндагӣ безор кардаанд аз баҳри оилаю фарзандон гузашта, моро партофта рафт!”

Муаззам. ҳамсояи Муҳаммадалӣ низ аз баҳсу мунозираҳои марзӣ ҷонбезор шудааст. Муаззам мегӯяд:

-Деҳаи мо бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст. Ин заминро солҳои пеш хусурам гирифта будааст ва мо 20-21 сол пештар дар ин мавзеъ хона сохта, кӯчида омадем. Ростӣ солҳои аввал бо ҳамсояҳои қирғизамон муносибати нағз доштем ва бо ҳамсоязани қирғиз аз як танур нон мехӯрдем. Вай танур надошт ва дар танури мо омада нон мебаст, вале аз як танӯр нон хӯрда, имрӯз дар як маҳалла намеғунҷем. Ҳаққи ҳамсоя ба ҳақи худо баробар гуфта ҳар некие аз дастам меомад, кардам. Дар вақташ шароиташон вазнин аст гуфта, нон ошу хӯрока медодам, вале баъди он ки ҳукумати қирғиз ба онҳо хонаву дари обод карда дод, тамоман аз худ рафта, бо мо душман шуданд. Рафту омад он тараф истад, акнун бо ваҳму тарс зиндагӣ мекунем, чунки аскарони зиёде ба хонаи ӯ омада мераванд ва ҳамеша бо чашми шубҳа ба мо нигоҳ мекунанд. Ҳавлии мо,ки ки чор тарафаш кушода буд, барои аскарони қирғиз саҳнаи тамошоро мемонад. Ростӣ пештар ба ин чиз чандон эътибор намедодем, аммо баъди калонтар шудани фарзандон зарурати девор гирондани атрофи ҳавлӣ ба миён омад, зеро лак-лак аскарони қирғиз ба чор тарафи ҳалӣ нигоҳкунон мегузаштанд ва ин бисёр нороҳаткунанда буд. Барои девор кардан масолеҳи сохтмониро овардем, вале аскарони қирғиз намегузоранд, ки дар саҳни ҳалвии худамон ҳатто як мех занем. Аз ин мушкил тамоми сохторҳо аз раиси ҷамоту ноҳия то раиси вилоят ҳама хабардоранд, аммо роҳи ҳал ҳеҷ пайдо нашуда истодааст.

Чаро қирғиз хона месозаду мо девори ҳавлӣ насозем?

 Муродҷон Ҷӯрабойзода, шавҳари Муаззам аз баҳсҳои марзии солҳои охир дилгир шудааст. Ҷӯрабойзода гуфт:

-Мо чор фарзанд дорем ва аз тақдиру ояндаи онҳо ҳамеша нигаронем. Одам наметавонад дар ҳавлии худаш озодана гардад, на шабу на рӯз.

Муродҷон мегӯяд чанд ҳамсояи қирғизашон ба хонасзӣ сар карданд ва нҳ аз ин илҳзом гиирфта, хстанд гирди ҳавлиашнро девор бигиранд, аммо аскарони қирғиз омада ба корашон халал расониданд.

“Ҳамсояҳои қирғизамон хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз бемалол хонаю оғил месозанд, вале аскарони қирғиз намемонанд, ки мо-тоҷикон атрофи ҳавлиҳои худро девор бигирем”-шиква мекунад Ҷӯрабойззода.

Дар наворҳое, ки Муродҷон ҷӯрабойзода ба мо нишон дод, дида мешавад, ки чанд низомии қирғиз дар атрофи хонаи онҳо гаштугузор доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои қирғизӣ ҳам наворҳое паҳн шудааст, ки ду тараф сари сохтмони девор баҳс доранд, вале маълум нест, ки ин баҳсҳо кай ҳали худро меёбанд.

Умедворем, ки роҳбарону масъулони ду минтақа билхира ба муросо меоянд ва сокинони маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб чун солҳои қаблӣ дар ҳамсоягӣ дӯстона зиндагӣ мекунанд.

Фарзона Муродӣ

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД