shoh palace
МУАЛЛИМИ ҲИСОРӢ МОШИНИ “HYUDAI ACCENT” БУРД КАРД!
6696

 

Шоми дирӯз тариқи телевизиони Тоҷикистон хабари мошин бурд кардани сокини шаҳри Ҳисор Зиёвиддин Назаров пахш гашта, ҳамагонро ба ҳаяҷон овард. Мо ба ин марди хушбахт занг задем, то ӯро бо чунин бурди калон муборакбод бигӯем.

-Рост аст, ки шумо аз лоторея мошини қиматбаҳо бурд кардаед?

-Бале, мошин бурд кардам, вале аз лоторея не, аз бонк!

-Магар ягон бонк ба мизоҷонаш мошин туҳфа мекунад?

-Ман муддати 4 сол боз бо бонки “Эсхата” ҳамкорӣ мекунам. Дар аксияи "Ҳамқадами замон"-и ин бонк иштирок намуда, соҳиби мошини “Hyudai Accent” гаштам. Росташро гӯям, чандин сол аст, ки орзуи харидани мошинро доштам, аммо маоши ками омӯзгорӣ имкон намедод, ки ин нақшаамро амалӣ созам. Бонки “Эсхата” ин орзуи маро амалӣ гардонд.

-Бо бонк ҳамкорӣ доштам гуфта чиро дар назар доред?

-Писарам дар Русия мардикор аст. Ӯ ҳар моҳ бо воситаи бонки Эсхата ба мо пул равон мекард ва бо шарофати ҳамин интиқолҳо иштирокчиии ин аксия гашта, мошин бурд кардам.

-Бахт фақат ба рӯйи шумо хандид ё дигар мизоҷони бонк ҳам бурд карданд?

-Ба ғайр аз ман боз 4 нафари дигар 10 000 ҳазор сомонигӣ мукофотҳои пулӣ бурд намуданд.

-Ба касоне,ки ин аксияро ташкил карданд, чӣ гуфтаниед?

-Дуо мекунам, ки корашон боз ҳам пешравтар гардад ва шумораи мизоҷони бонки Эсхата ба сад миллион бирасад!

Ёдрас мешавем, ки иқдоми “Ҳамқадами замон бош”-и бонки Эсхата аз 15 июл то 15-ноябри соли равон идома ёфт. Аксияи мазкур аз чаҳор давр иборат буда ,мақсад аз гузаронидани чунин иқдом рушди пардохтҳои ғайри нақдӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии молявии мардуми тоҷик мебошад. Дар даври ниҳоии иқдоми “Ҳамқадами замон бош!” 4 нафар ғолибон бо маблағи пулӣ сарфароз гардида, сокини деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор-Зиёвиддин Назаров соҳиби шоҳҷоиза -мошинаи сабукрави тамғаи “Hyudai Accent”гашт.

Зиёвиддин Назаров омӯзгор буда, солиёни зиёд аст, ки ба ҳайси муаллими варзиш дар зодгоҳаш -деҳаи Нилуи шаҳри Ҳисор фаъолият дорад. Барои муаллим, ки зиндагиашро бо маоши ночизи омӯзгори пеш мебарад, ин мошин бузургтарин бурдаш дар зиндагӣ гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД