goodwell
Муаллим ҳуқуқ дорад сумкаи талабаро кофта, телефонашро бигирад?
21.04.2026
Oila.tj
155

Баҳсу мунозираҳо дар боби бурдани телефон ба мактаб дар байни мардум хеле зиёданд. Хонандагон гоҳо аз он шикоят мекунанд, ки муаллимон телефонашонро мегиранд ва баъдан волидони хонандаро ба мактаб даъват мекунанд. Оё ба мактаб бурдани телефони мобилӣ аз рӯйи қонун мумкин аст ё не?

Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар дар суҳбат бо журналистон гуфтаанд, ки бо худ ба мактаб бурдани телефони мобилӣ мумкин аст, вале тибқи қонун дар вақти дарс аз он истифода намудан қатъиян манъ мебошад. Хонандагон метавонанд ҳангоми танаффус ё пас аз анҷоми дарсҳо, баъди берун шудан аз мактаб аз телефони мобилӣ истифода баранд, агар зарурати ба волидонашон ё каси дигар занг задан пеш ояд.Дар сурати сар задани ягон ҳодисаи фавқулода кӯдак метавонад ба волидайнаш занг зада, онҳоро хабардор созад. Агар хонанда ҳангоми дарс телефони мобилӣ бурда, раванди дарсро халалдор насозад, омӯзгор ҳуқуқи кофтани сумкаи ӯро надорад.

Умуман, муассисаи таълимӣ ба мусодираи телефони мобилӣ аз хонанда, ки дар вақти дарс истифода намешавад, ҳуқуқ надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД