Насли навраси имрӯз бо ҳушёрӣ, зиракӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ аз наслҳои гузашта фарқ мекунад. Ин насл бо технологияи муосир ошност, забонҳои хориҷиро озодона медонад ва дар баробари ин, ба хондану азёд кардани осори адабиёти классикиву муосир шавқи зиёд дорад. Муқаддас Махкамова аз зумраи чунин наврасони серғайрату заковатманд аст.
Муқаддаси 10-сола хонандаи синфи 3-и мактаб-интернати шаҳри Истаравшан аст. Ӯ аз дӯстдорону шефтагони каломи бадеъ буда, то имрӯз аз адабиёти классикӣ 11 асар, 100 ғазал, 120 рубоӣ, 250 байт достон, 100 байт қасида, 400 байт аз китоби "Шоҳнома" ва 150 байт дигар навъҳои шеърӣ аз худ кардааст.
"Аз хурдӣ мутолиаи китобро дӯст медорам. Меҳри китобхониро муаллимаи ниҳоят гиромӣ Соҳиба Иномова дар дилам ҷой кардаанд. Синфи 2 будам, ки бо роҳбариву роҳнамоии он кас дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок кардам. Ғолиби даври шаҳрӣ, дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи дувум гардидам",- бо ифтихор мегӯяд Муқаддас.
Муқаддас Махкамова на танҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар озмунҳои байналмилалӣ низ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ дар озмуни байналмилалии "Шоҳномахонӣ", ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки намояндагони беш аз 30 давлат баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гардид.
"Мо набераҳои ҳакими бузурги Тӯс Абулқосим Фирдавсӣ ҳастем ва бояд тамоми достонҳои "Шоҳнома"-ро на танҳо азёд донем, балки маънию паёми онро дарк карда тавонем. Вақте фаҳмидам, ки дар Эрони бостон озмуни байналмилалии "Шоҳномахонӣ" баргузор мегардад, дар он иштирок кардам. Иштирокам ба таври фосилавӣ буд, бо вуҷуди ин дар номинаи "Беҳтарин шоҳномахони ҷавони хориҷӣ" ҷойи аввалро гирифтам",- мегӯяд ӯ.
Муқаддас ғайр аз китобхонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ шавқи зиёд дорад. Ӯ дар озмуни байналмилалии ИКО низ ширкат варзида, дар бахши забони англисӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тило гардидааст. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, маҳз таъкиди Пешвои миллат ҳангоми кушодашавии мактаб-интернати шаҳри Истаравшан, ки Муқаддас дар он иштирок дошту аз номи хонандагон миннатдорӣ баён намуд, ҳаваси омӯзиши забони англисиро дар ӯ бештар кардааст.
Муқаддас Махкамова дар баробари андӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ низ рӯй овардааст. Ӯ муддатест, ки дар маҳфили ҳунаромӯзӣ иштирок карда, гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва расмкаширо аз худ кардааст. Албатта дар паси ҳар шогирди муваффақ ҳамеша устоди меҳрубон ва бомасъулият меистад. Муаллимаи Муқаддас - Соҳиба Иномова зани заҳматкаш ва донишманд буда, солҳост, ки бо хонандагони болаёқат кор мекунад. Таваҷҷуҳи пайваста, заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳру муҳаббати ӯ ба шогирдонаш боис шудааст, ки Муқаддас ва дигар хонандагони соҳибистеъдод қобилияти худро нишон диҳанд ва номи мактабро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд бардоранд.
Муқаддас Махкамова ҳоло таҳти роҳбарии муаллимааш Соҳиба Иномова ба даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" омодагӣ дида, ният дорад сазовори ҷойи намоён гардад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ