Arzon march 2024
Муқаддас писарчаи 1-моҳаашро фурӯхтанӣ буд, вале...
04.09.2024
Оила.ТҶ
1046

Дар ноҳияи Ашт як зани 34-сола, ки қасди фурӯштани кӯдаки навзодашро дошт, ба дасти милитсия афтод.

Шаҳрванд Мададова Муқаддас Эрматҷоновна, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт дар содир намудани ҷинояти моддаи 167- Кодекси ҷиноятӣ “хариду фурӯши ноболиғон” гумонбар дониста шудааст. Ин зан омода буд, ки бар ивази 15 ҳазор сомонӣ тифли якмоҳаро ба каси дигар фурӯхта аз меҳру муҳаббати модарӣ маҳрум созад.

Номбурда чор маротиба шавҳар карда 5 фарзанд ба дунё овардааст. Мададова як фарза ндашро ба фарзандхонӣ дода, дутои дигарашро ба мактаб интернат супурдааст ва як духтарчаи хурдсолаш дар тарбияи худаш қарор дорад.

Ҳангоми дар батнаш будани фарзанди панҷум ӯ оилаи нав бунёд мекунад, вале шавҳари наваш духтарчаи бо ӯ бударо қабул карда, аз кӯдаки ҳанӯз ба дунё наомадааш даст кашидааст. Ба ҳамин хотир, Мададова Муқаддас писарчаашро ба фурӯш гузоштааст.

Кӯдак рӯзи 1 август ба дунё омада, ҳамагӣ якмоҳа будааст.

Зан ҳангоми гирифтани 5 000 сомонӣ ҳамчун пешпардохт аз ҷониби милитсияи ноҳияи Ашт боздошт ва нисбаташ парванда боз шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД