Дилноза ном дорам. Мехоҳам тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила” ба нафаре, ки зиёд аз ҷонам дӯст медорам, изҳори муҳаббат намоям. Чун фасли баҳорро ба фасли ошиқон нисбат медиҳанд, мехоҳам ошиқона баҳри ёри хеш бигӯям:
Сорбон, бовар кун, чунон дӯстат медорам, ки дӯстдориҳои Лайливу Маҷнун дар назди муҳаббати ман ҳеҷанд. Туро ниҳоят дӯст медорам, аммо инро ба рӯят гуфта наметавонам. Сорбони паҳлавонам! Ту ҳамеша аз дӯстдориҳоят наздам қисса мекунӣ, тӯҳфаву суханҳои зебо баҳрам мегӯӣ ва борҳо гила низ карда будӣ, ки боре изҳори муҳаббат намекунам. Фаромӯш насоз, ки назди ту ба забон овардани ибораи “дӯстат медорам” бароям хеле душвор аст, зеро шарми духтарона маро намегузорад, ки инро ба ту гӯям. Медонӣ, мардон як хусусияти бад доранд. Вақте фаҳманд, ки духтар дӯст медорад, шердил шуда, аз пайи азобу ранҷ додани духтар мешаванд. Барои ҳамин, аз гуфтани муҳаббати худ ҳарос дорам.
Ваъда медиҳам, ки рӯзе ба чашмонат нигариста, ин суханонро ба забон меорам ва муҳаббати худро назди ту исбот месозам. Ҳар гуна шубҳаву гумонҳои бадро аз сарат дур кун. Хушбахтам, ки туро дорам, ҳамеша дар бари ҳам хушбахт бимонем, ҷонам!
Дилноза, ш.Хуҷанд