Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 3)
618

Шавҳари Меҳринисо дар кӯҳ ҳангоми дулоначинӣ афтода, сутунмуҳрааш шикасту баъди шаш моҳи бистарӣ шудан вафот кард. Меҳринисо бо ду духтарча ба хонаи падар баргашт. Кӯдакони ятиммондаи апаашро зери парастории худ гирифт.

Олим бошад, дар Самара қатори хешовандони занаш кор карда, соҳиби маблағи зиёд шуду онро ба падари Зебунисо фиристода, хоҳиш кард, ки барои кӯдаконаш сарф кунад.

Падари Зебунисо баъди кофтукоби зиёд аз зинда мондани духтари калониаш умедашро канда, маъракахои худоии ӯро гузаронид. Аммо дар як гӯшаи дили Меҳринисо рӯшание фурӯзон буд. Гумон дошт, ки «ана, аз дар Зебунисои хандон медарояд».

Олим баъди як соли кор дар Русия хоҳиши баргаштан ба ватанро намуд. Акнун худро падари меҳрубони фарзандонаш нишон дода, аз хусураш хоҳиш кард, ки барои ояндаи кӯдаконаш шуда, ки бе модар намешавад, ӯро зан диҳад. Падари Зебунисо баъди фикри зиёд Олимро рӯ ба рӯяш шинонда, гапро аз Меҳринисо сар кард:

- Писарам, ин Меҳриҷон фарзандони туро мисли духтарони худаш калон карда истода, сахт меҳр кардааст. Онҳо ҳам гоҳе ба ҷойи хола «оча» мегӯянд. Агар дилат хоҳад, ман мехоҳам, ки Меҳриро ба ту ба занӣ диҳам.

Ин вақт Меҳринисо, ки аз пушти дар шоҳиди суҳбати падару язнааш буд, худро намоён карда, дод зад:

- Чиҳо гуфта истодаед, падар? Ман зани шавҳари апаам шавам? Ин тамоман номумкин аст! Падарҷон, ба худ биёед, охир Олим шавҳари апаам аст. Мо ҳанӯз мурдаву зинда будани апаамонро намедонем. Чӣ тавр шумо дилатон мешавад, ки маро ба ин одам, ки язнаам мешавад, ба шавҳар диҳед?

- Дам шав, чизе ки ман гуфтам, ҳамон мешавад!,- таъкид кард падар.

- Падарҷон, ман ҳам як шарт дорам, ҳамин ки аз зинда будан ё … (забонаш нагашт, ки мурда гӯяд) набудани апаам дарак ёфтем, онгаҳ ман ба гуфтаҳои шумо розӣ мешавам.

- Охир, духтарҷон, ман ҳам дар ҳақи апаат сӯхта хокистар шудам, аммо ҳарчанд ҷустуҷӯйи зиёд ҳам карда бошем, аз Зеби хона дараке наёфтем. Ин духтари бадбахтам ба куҷо рафта бошад? Олим мегӯяд, ки вақтҳои охир савдоӣ шуда, худ ба худ гап мезадааст,- зудбоварона гуфт падар.

- Не, падарҷон, Зебунисо дар ҳолати хеле хуб қарор дошт. Ӯро ба фикрам маҷбурӣ дар куҷое маҳкам кардаанд,- гириста гуфт Меҳринисо.

Олим худро ғамгин нишон дода, ба сухани онҳо тақвият бахшид:

- Рост мегӯяд Меҳринисо, ҳоло аз Зебунисо шояд дараке шавад. Ман интизор мешавам, тағоҷон…

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД