Sebiston new 2024 october
МОТАМИ СЕРӮЗА БА ХОТИРИ ҚУРБОНИЁН
3035

 

Дар бандаргоҳи Бейрут таркиши пурқудрате рух дод, ки дар натиҷаи он дасти кам  73 –нафар ҷон бохтанд. Беш аз 3700 одам дар ин ҳодиса захмдор гардиданд, иттилоъ медиҳад bbc.com 

Мавҷи таркиш чунон воҳиманок буд, ки зарараш ба биноҳои якчанд киллометр  дуртар аз макони таркиш низ расид. Ҳамаи беморхонаҳои Бейрут дар як лаҳза пури одам, чунки зарардидагони ин ҳодиса хеле зиёд буданд. 

Сабаби дақиқи таркиш ҳанӯз муайян нагардидааст, аммо президенти Ливан Мишел Аун дар баромадаш таъкид дошт, ки дар анбори бандар 2750 тонна нитрати аммоний нигоҳ дошта шуда буд. Ҷаноби Аун даъват ба амал овард, масъулинеро, ки давоми 6-сол моддаро бе иҷрои чораҳои бехатарӣ нигоҳ доштанд, ҷазои сангин диҳанд.

Президенти Ливан таъкид дошт, ки шурӯъ аз рӯзи чоршанбе мотами 3-рӯза дар кишвар ба хотири нафароне, ки дар таркиш қурбон гаштанд, эълон карда шавад.
Ғайр аз ин Бейрут минтақаи фалокатбор унвон гирифта, давоми ду ҳафта дар шаҳри мазкур ҳолати фавқуллода ҷорӣ карда шуд, ки ин дар ҳолест ҳукуматдорон баҳри таъмини амният метавонад артишро истифода баранд.

Мақомдорон боварӣ доранд, ки шумораи зарардидагон дар ҳоли инкишоф аст, чунки зери биноҳои фурӯрафта одамон дармонданд.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки мавҷи таркиш бинои сафорати кишвари онҳоро хароб кардааст ва вакили ин макон дар натиҷа ҷароҳати хурд бардоштааст.

Инчунин, бинои сафорати Русия низ зарар дида, яке аз корманди он зарари ҷисмонӣ дидааст, иттилоъ медиҳат оҷонси хабаргузории ТАСС.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД